Э. Раҳмон: Истиқлолият даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорист
Душанбе, 8.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-«Боиси хушнудист, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол пеш мераванд». Ин нуктаро Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми табрикотии хеш ба ифтихори 23-юмин солгарди Рӯзи истиқлолият иброз намуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иброз дошт, ки имрӯз мо ҳамаи тадбирҳоро амалӣ гардонида истодаем, ки сифати хизматрасониҳо дар низоми маорифу тандурустӣ баланд гардида, ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ расонида шавад.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи илмро дар баробари маориф ва фарҳанг самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ меҳисобад ва барои таъмин намудани самаранокии корҳои илмиву таҳқиқотӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Вобаста ба ин, мехоҳам махсус хотирнишон намоям, ки маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард.
Ҳамчунин баҳри тарбияи насли ҷавону наврас зикр намуд, ки ҷавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






