Э. Раҳмон: Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд

Сентябрь 27, 2014 11:48

Душанбе, 27.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, 5-уми октябр дар саросари мамлакат миллати сарбаланди тоҷик ҷашни бузургу таърихӣ, нишонаи сарбаландии миллат ва пойдории давлат, яъне Рӯзи забони давлатиро таҷлил менамояд.
25 сол қабл, яъне 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни забон қабул шуд ва он  барои тоҷикон рӯзи таърихй гардид.
Аммо бо сабаби он, ки рўзи 22-юми июл ба давраи таътили тобистонии мактабҳо ва донишгоҳҳову донишкадаҳои мамлакат ва рухсатии кормандони ташкилоту муассисаҳо баробар меояд, ширкати фаъоли ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар ин ҷашни умумимиллӣ ғайриимкон мегардид.
Аз ин рӯ бо гузашти 20 сол аз он замон зарурати қабули қонуни нав ба миён омад.
Акнун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009 қабул гардид ва дар асоси ҳамин санади муҳим ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид шуд.
Бояд гуфт, ки баҳри амалӣ намудани муқаррароти қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди ҳукумати мамлакат Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис гардидааст, ки он дар назорати иҷрои муқаррароти қонун, ҳамгунсозии истилоҳоти соҳаҳои гуногун, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва дар маҷмўъ, татбиқи сиёсати давлатии забон масъулияти бисёр муҳим дорад.
Тадбирҳои дигари ҳадафмандонаи ҳукумат дар татбиқи сиёсати давлат дар бораи забон таҳия ва пешниҳоди «Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ дар кишвар» маҳсуб мешавад, ки он метавонад дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ин сиёсат барои солҳои тўлонӣ ҳамчун дастури муҳим ва муфид истифода шавад.
Мавриди зикр аст, ки моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забон бахшида шудааст, ки дар он гуфта мешавад:
— Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад.
Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амалӣ мешавад . Халқу миллатҳое , ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода баранд .
Тавре ки Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст: 
— «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии давлат аст Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».
Мардуми тоҷик бо сарбаландӣ ва ифтихори комил гуфта метавонад, ки забони тоҷикӣ ҳатто дар аҳди Сомониён ҳамчун забони ягонаи сарзаминҳои давлатдории тоҷикон қарор гирифта буд ва ҳамчун забони ташаккулёфтаи дорои меъёр ба сарзаминҳои ғарби Эрон ба ҷои забони паҳлавӣ густариш ёфт.
Гуфта мешавад, ки бо супориши Президенти кишвар таҳияи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», таҳия ва пешниҳоди «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», таҳия ва нашри «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони забоншинос анҷом дода шуд, ки он баҳри мустаҳкам ва пойдор намудани забони миллии тоҷикон замина мегузорад.
Мавриди зикр аст, ки ҳар як фарди солимфикр бояд дар хотир дошта бошад, ки забони тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихи тӯлонии халқамон нишонаи гӯёи ҳастии мо ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадмандамон будааст.
 
 

Сентябрь 27, 2014 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад