Э. Раҳмон: «Мо бояд таҳаммулгаро бошем»
Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, ваҳдати миллиро ҳамчун яке аз дастовардҳои бисёр нодир ва бузурги халқамон эҳтиёт кунем ва тамоми саъю талоши худро барои таҳким ва решадор шудани он равона созем. Ҳамчунин мо бояд тибқи суннату анъанаҳои гузаштагонамон таҳаммулгаро бошем»,-таъкид сохт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронии хеш бахшида ба Рӯзи дониш.
Дар баробари ин, зарур аст, ки мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба арзишҳои неки тамаддуни башарӣ арҷ гузорем, нисбат ба мушкилоти инсоният бетараф набошем ва хусусан дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳон саҳми арзандаи худро гузорем,-афзуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон
Дар ин раванд афзалият додан ба омӯхтани илму дониш, кушодани роҳи васеъ ҷиҳати аз худ кардани касбу ҳунар ва муҳайё намудани тамоми шароити мусоид барои насли наврас ва ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳим аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






