Э.Раҳмон: Норасоии омӯзгорон кам гардидааст
Душанбе, 01.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-«Ҳарчанд ки дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои кишвар дар муқоиса бо солҳои пешин норасоии омӯзгорон кам гардидааст, вале ин то ба ҳол қонеъкунанда нест»,- зикр намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи дониш.
Дар давраи хатми соли таҳсили 2013-2014 талабот аз рӯи як воҳиди корӣ тибқи пешниҳоди шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 3 ҳазору 687 нафарро ташкил медод.
Тибқи тақсимот шумораи хатмкунандагони ихтисоси омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, яъне коллеҷҳои омӯзгорӣ ва донишкадаву донишгоҳҳои омӯзгорӣ бо роҳхати Вазорати маориф ва илм 3 ҳазору 824 нафарро ташкил дод.
Дар сурати ба ҷои кор ҳозир шудани ин миқдор мутахассисони ҷавон норасоии касбӣ дар мактабҳо бояд пурра бартараф мешуд. Яке аз сабабҳои асосии чунин ҳолат набудани низоми муайян ва назорати доимӣ аз ҷониби тарафҳои масъул мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки барои фароҳам овардани шароити зист ва дигар навъҳои дастгирии мутахассисони ҷавон мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҷараёни ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавонро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






