Э. Раҳмон: “Савияи дониши ҳавонавардон баланд бардошта шавад”
Душанбе, 03.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мукаддас Темурзода).- «Дар давоми солҳои охир ҷиҳати таъмин намудани сатҳи зарурии донишу малакаи касбии ҳавонавардон ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо як силсила тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидаанд. Бахусус бо мақсади омодасозии кадрҳо, аз ҷумла сарнишинони тайёраҳо садҳо нафар ҷавонон ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳавонавардӣ ва курсҳои махсуси омодасозӣ ҷалб шуданд”, — зикр намуд Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронии хеш дар маросими ба истифода додани терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон зикр кард, ки бо дастгирии ширкатҳои ватанӣ даҳҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии авиатсионии давлатҳои хориҷӣ аз рўи ихтисосҳои идораи нақлиёти ҳавоӣ, менеҷменти соҳаи авиатсия, радиотехника ва танзиму таъмини парвозҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.“Бо вуҷуди ин, роҳбарияту масъулини соҳа ва ширкатҳои ватанӣ вазифадоранд, ки минбаъд низ ба масъалаи омода кардани кадрҳо тибқи стратегияи рушди соҳаи ҳавонавардӣ ва бо риояи стандартҳои ҷаҳонӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамчунин зарур аст, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ фарогирии кормандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати омўзиши забонҳои хориҷӣ густариш дода шавад”, -таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






