Э. Раҳмон: «Сифат аз миқдор афзалиятнок аст»
Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат бо 47 ҳазор компютер, ҳафтуним ҳазор принтер таъмин гардиданд, ки 99,1 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.
Дар робита ба ин Президенти кишвар Э. Раҳмон зимни суханрониаш дар Рӯзи дониш иброз намуд: «Самаранокии ин барнома ва бо муаллимони фаннӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ чандон назаррас нест. Ҳадаф аз амалигардонии ин барнома баланд бардоштани фарҳанги техникии хонандагон ва истифода аз технологияҳои муосири иттилоотиву иртиботӣ мебошад».
Лекин мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе масъулони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ танҳо аз теъдоди компютерҳо дар мактабҳо гузориш пешниҳод карда, ба масъалаи истифодаи мақсаднок ва самараноки онҳо дар низоми таълим таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намекунанд, илова намуд Сардори Давлат.
Э. Раҳмон Вазорати маориф ва илмро вазифадор кард, ки доир ба вазъи истифодаи воситаҳои техникии таълим мониторинг гузаронида, сатҳи истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотиро дар раванди таълим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳад ва дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






