Э. Раҳмон: «Сифати таълим ҷавобгӯи талаботи замон нест»
Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ширкат варзида, бо намояндагони сершумори соҳаҳои илму маорифи ҷумҳурӣ мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни суханрониаш Сарвари Давлат таъкид кард, ки аз таҳлилҳо бармеояд, сифати таълим ва омодагии касбии шогирдони донишгоҳ ҳанӯз талаботи замонаи пешрафтаро қонеъ карда наметавонад.
Махсусан, паст будани сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, ки онро бори дигар имтиҳонҳои қабули марказонидашуда аз тарафи Маркази миллии тестӣ нишон доданд, гувоҳи ин гуфтаҳост.
Натиҷаи имтиҳоноти қабул натиҷаи кори омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумист, ки аксари онҳо хатмкардагони ин даргоҳ мебошанд.
Сардори Давлат Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро, ки ҳамчун манбаи асосиву пойгоҳӣ дар самти омода намудани омӯзгорон барои муассисаҳои таълимии кишвар муайян шуда, вазифаи таъмини методии дигар муассисаҳои таҳсилоти олии ихтисоси омӯзгориро ба дӯш дорад, вазифадор кард, ки дар ислоҳи ин камбудиҳо чораҷӯӣ намояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






