Э. Раҳмон: Таъмини бехатарии мусофирон масъалаи муҳимтарин аст

Сентябрь 3, 2014 10:54

Душанбе, 3.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Дар ҷаҳони муосир бунёди фурудгоҳҳои муосиру муҷаҳҳаз, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати ҳайати хизматрасон, инчунин таъмини бехатарии мусофирон яке аз масъалаҳои муҳимтарини таҳкими имкониятҳои коммуникастионии ҳар кишвар ба шумор меравад»,- гуфт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар маросими ба истифода супоридани терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе». Бо назардошти аҳамияти масъала дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар Сарвари давлат таъкид дошт, ки зиёд намудан ва ҳозиразамон гардонидани парки ҳавопаймоҳои ширкатҳои миллӣ, таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ва то ба дараҷаи меъёру талаботи байналмилалӣ баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти сохтору мақомоти дахлдор мебошад.«Мову шумо имрўз шоҳиди амалӣ гардидани нақшаву ниятҳои некамон мебошем, ки дар доираи он терминали нав ва аз ҳар лиҳоз муҷаҳҳази фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба истифода супорида шуд»,-илова намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Сентябрь 3, 2014 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик