Э. Раҳмон: Таъмини бехатарии мусофирон масъалаи муҳимтарин аст
Душанбе, 3.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Дар ҷаҳони муосир бунёди фурудгоҳҳои муосиру муҷаҳҳаз, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати ҳайати хизматрасон, инчунин таъмини бехатарии мусофирон яке аз масъалаҳои муҳимтарини таҳкими имкониятҳои коммуникастионии ҳар кишвар ба шумор меравад»,- гуфт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар маросими ба истифода супоридани терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе». Бо назардошти аҳамияти масъала дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар Сарвари давлат таъкид дошт, ки зиёд намудан ва ҳозиразамон гардонидани парки ҳавопаймоҳои ширкатҳои миллӣ, таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ва то ба дараҷаи меъёру талаботи байналмилалӣ баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти сохтору мақомоти дахлдор мебошад.«Мову шумо имрўз шоҳиди амалӣ гардидани нақшаву ниятҳои некамон мебошем, ки дар доираи он терминали нав ва аз ҳар лиҳоз муҷаҳҳази фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба истифода супорида шуд»,-илова намуд Эмомалӣ Раҳмон.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






