Э. Раҳмон: «Ташкили ярмаркаҳои кишоварзӣ васеъ роҳандозӣ шавад»
Душанбе, 05.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар маросими ифтитоҳи маҷмааи савдои «Пойтахт- 90» таъкид намуд, ки дар назди бозорҳои шаҳр мунтазам ташкил кардани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзии соҳибкорон, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва молу маҳсулоти корхонаву ташкилотҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.
Ҷиҳати таъмини пурраи талаботи афзояндаи аҳолии пойтахт ба маҳсулоти кишоварзӣ сохтмони марказҳои савдои муосир дар ҳудуди шаҳр идома дода шуда, ташкили нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ва ба роҳ мондани фаъолияти минимаркетҳои замонавӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими рӯз мебошад.
«Дар баробари ин, масъалаи ташкили инфрасохтори хизматрасонӣ ва ба талаботи пойтахти муосир мутобиқ гардонидани он, инчунин таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, рушди саноати сабуку хӯрокворӣ ва бо ҳамин роҳ барои сокинони пойтахт фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар низоми шаҳрдорӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад»,-зикр намуд Сарвари Давлат.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






