Фарҳанги миллии тоҷик дар даврони Истиқлол

Сентябрь 3, 2014 17:12

      “Миллати тоҷик дар гузашта ва имрўз, пеш аз ҳама, бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шўҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Ва маҳз ҳамин фарҳанги воло дар ҳама давру замон миллати моро аз парокандашавӣ эмин дошта, дар тамаддуни халқи мо ҳамчун омили муҳими ояндасоз хизмат намудааст.”
Эмомалӣ Раҳмон
 
Душанбе, 3.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Истиқлолият давраи рушд ва эҳёи кишвари биҳиштосои тоҷикон гардид, зеро дар ин давра тараққиёт дар тамоми соҳаҳои ҳаётӣ : сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёту маънавиёт, фарҳанг то дараҷае боло рафт.
Аз ҷумла, дар даврони истиқлолият соҳаи фарҳанг низ ба дастовардҳои бузурге ноил гардид. Фарҳанги миллии тоҷик бо вуҷуди таърихи антиқиаш, дар даврони истиқлолияти кишвар хусусияти хоссаро касб карда, эҳёи суннатҳои тоҷикӣ, тақвияти худшиносӣ, ватанпарварию арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ, тарғиби сулҳу ваҳдат ва ягонагию якпорчагии кишвар ба масъалаҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангӣ табдил ёфтанд. Аз ин рў, таърихи 23-солаи фарҳанги кишвар дар таносуб бо тамоми таърихи фарҳангии миллати антиқиамон дар таърихномаи фарҳанги кишвар мавқеи хосса дорад. 
Маҳз бо шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик ба ҳайси меҳвар ва мояи фикрии давлати соҳибистиқлоли мо расмияти сиёсӣ пайдо намуда, аҳли фарҳанги кишвар ба сарнавишт ва мақоми ниёгони хеш дар тўли таърих бо диди нав ва доираи фаротар назар андохта, тавассути офаридаҳои тозаву ҷолиби ҳунарӣ нақш ва нуфузи миллати тоҷикро дар таърихи ҷомеаи башарӣ, дар ташаккули муҳимтарин равандҳои таърихиву фарҳангии ҷаҳони мутамаддин бо тобишҳои нав ҷилвагар сохтанд.
 Бешубҳа, дар даврони истиқлолият фарҳанг ҳамчун пайвандгари маънавии наслҳо дар заминаи маърифати таърихии ниёгон вобаста ба шароити нави сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ мардуми кишвари тозаистиқлолро ҷиати фароҳам овардани пойгоҳи шоиста барои шинохти ҳуввияти миллӣ ва густариши худшиносии таърихӣ ҳидоят намуда, ба муҳаррики тавонои ваҳдату ягонагӣ ва нерўи муқтадири бунёдкориву созандагӣ табдил ёфт ва дар сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди фарҳангу санъат мавқеи афзалиятноку калидӣ гирифт.
Бо шарофати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати фарҳангии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва зина ба зина татбиқ шуда, барои рушди устувор ва бамайлони фарҳанги миллӣ дар мамлакат фазои мусоиду озод фароҳам омад.  Робитаҳои  гуногунпаҳлўи фарҳангии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ЮНЕСКО, ИСЕСКО (Созмони исломии илму фарҳангу маориф) ва  дигар кишварҳои олам беш аз пеш тавсеа меёбанд.
Туфайли равобити қавӣ ва ҳамкориҳои судманд бо ин созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон ба конвенсияҳои байналмилалии ЮНЕСКО  «Оид ба ҳифз ва ташвиқи гуногунии шаклҳои худбаёнии фарҳангӣ» ва «Дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ» ҳамроњ гардид. Аз ҷониби онҳо пазируфтани ташаббусҳо ва пешниҳодоти кишвари мо далели манзалату мартабаи шинохташудаи фарҳангу тамаддуни тоҷикон аст.
Гуфта мешавад, ки соли ҷорӣ боз як намунаи барҷастаи фарҳанги миллӣ — санъати гулдузии  «Чакан»-ро барои ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии  ЮНЕСКО пешниҳод шуд, ки аз ҷониби ин созмони байналмилалӣ дастгирӣ ёфт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини фаъолияти пурсамар ва рушди минбаъдаи муассисаҳои фарҳангии кишвар як силсила консепсияҳо, қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ таҳия гардиданд, ки ба рушду такомули фарҳанги миллӣ таккони бузург бахшиданд. 
Ба шарофату таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат солҳои охир маблағгузории соҳа пайваста зиёд мегардад. Агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 млн сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2014 бо назардошти тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ ва буҷети тасдиқшуда ҳаҷми он 586,2 млн. сомониро ташкил кард.  Бояд гуфт, ки дар ин давра буҷети соҳаи фарҳанг ва варзиш 504 маротиба афзуда, дар маҷмўъ 2 млрд. 451,1 ҳазор сомониро ташкил додааст ва музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг 16 маротиба афзоиш ёфтааст. 
Ҳамчунин дар ин давра ба бунёди инфрасохтори замонавии соҳа эътибори ҷиддӣ дода шуда, дар давоми 5 соли охир дар ҷумҳурӣ 13 бинои нави  хона ва қасрҳои фарҳанг, 5 осорхона, 13 китобхона бунёд гардида, аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун бинои 305 китобхона, 101 хона ва қасрҳои фарҳанг, сози нодири мусиқӣ — «Арғунун» дар толори ДДСТ ба номи М.Турсунзода таъмир гардида, бинои Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, Маҷмааҳои давлатии «Кохи Борбад», «Кохи Тоҷикистон» тармиму навсозӣ шуданд. Дар ин росто муҳимтарин рўйдодҳои фарҳангӣ — таъсиси Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, инчунин баистифодадиҳии биноҳои нави Китобхона ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон  ба шумор мераванд, ки аз нигоҳи тарҳи меъморӣ, имкониятҳои техникиву иттилоотӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ камназиранд. 
Қабули «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» ба маблағи  беш аз 10 млн. сомонӣ яке аз тадбирҳои муҳим дар самти эҳё, ҳифз ва рушди арзишҳои маънавии миллати тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ ба шумор рафта, тибқи он аз ҷониби Вазорати фарҳанг имсол «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик» таҳия гардидааст, ки яке аз иқдомҳои устувор дар самти ҳифз, тарғиб ва рушди намунаҳои барҷастаи фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ба шумор меравад.
Танҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанг дар давоми нимсолаи аввали соли 2014 дар маҷмўъ 1300 ҷузъи чопӣ адабиёти бадеӣ, таълимӣ, илмӣ-оммавӣ ва дастурҳои аёниро бо теъдоди  65750 нусха ба табъ расониданд.
Аз ҷумла, нашриёти  «Ирфон» дар ин муддат аз ҳисоби даромадҳои дохилии  муассиса  китоби  «Ҷашни Наврўз — омили худогоҳии миллӣ», аз ҳисоби маблағҳои сарпарастон китобҳои «Ванҷи пурганҷ», «Аз Қасри Арбоб то минбари башар», «Махзани маърифат» ва аз ҳисоби маблағҳои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006- 2015»  китоби «Фарҳанги китобдорӣ»-ро нашр намуд. Нашриёти «Адиб» аз ҳисоби маблағҳои Фонди эҳтиётии Президентӣ  дар ҳаҷми умумии 370 ҷузъи чопӣ, бо теъдоди 23000 нусха китоби адибони классику муосирро ба табъ расонд. 
 
 

Сентябрь 3, 2014 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд