Фестивали фарҳангии Мероси роҳи абрешим дар Душанбе
Душанбе, 04.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Бахшида ба 23- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷкистон дар давоми ҳафтаи равон дар боғи марказии ботаникииТоҷикистон «Ирам» Фестивали фарҳангӣ ва сайёҳии Мероси роҳи абрешим “Рангоранг” аз ҷониби Хадамоти VSO (Хадамоти волонтерӣ дар хориҷа) ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон баргузор мегардад.Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар Фестивали мазкур овозхонхои машҳур намоишҳои фароғатӣ ва маишӣ ва ҳунарҳои касбиро, аз қабили дўзандагӣ, чўбкорӣ, кордсозӣ, сангҳои ранга, сўзанӣ, рассомӣ, минётур ва ғайраро пешниҳод менамоянд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо ХадамотиVSO ба роҳмонда, бомақсади инкишофи туризми дохилӣ ва воридотӣ инчунин, ҷалби ҳунармандони касбӣ ва косибон барои тарғибу ташвиқи санъати бойи таърихию фарҳангӣ ба дўстдорони сайру саёҳат манзур менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






