Фирефтаи фанди «Пизишки паррон»

Сентябрь 20, 2014 10:51

Душанбе, 20.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Театр макони аҷибест, ки саҳнаҳои ғайриинтизор дорад» ва «Кӯчактарин сабаб ишқро ба дилбастагӣ табдил медиҳад»- инҳо ҷумлаҳое буданд, ки аз забони нақшофарони саҳнаи наву ҷолиб дар спектакли мазҳакавии «Пизишки паррон» аз рӯйи асари адиби фаронсавӣ Жан Батист Молер садо медоданд.
Ин аввалин намоишномае буд, ки ба давраи нави театрӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Тарҷумон, басаҳнагузоранда ва ороишгари мусиқии «Пизишки паррон» Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир буда, он рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ манзури кормандони мақомоти корҳои дохилӣ гардонида шуд.
 Дар он ҳунармандони шинохта ва соҳибистеъдод Саодат Азизова, Умед Бобомуродов, Шуҷоат Ҷалолиддинов, Иброҳим Лясов, Дилрабо Паллаева, Аъзам Розиқов ва Убайдулло Саъдуллоев ҳунарнамоӣ карданд.
Қабл аз оғози намоиш директори театри мазкур Ибодулло Машрапов гуфт, ки дар намоишномаи «Пизишки паррон» асосан ҳунармандони ҷавони театр ҳунарнамоӣ карда, он дар мувофиқа бо замони муосир дар шакли нав, ба таври тоҷикона ба намоиш гузошта шудааст.
Сардори шуъбаи раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии  ВКД Абумуталиб Оев табрикоти вазири корҳои дохилиро бахшида ба 85-солагии Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба роҳбарият ва ҳайати ҳунармандон расонид. «Театр инъикоскунандаи ҷомеа мебошад ва ҷомеаро ба сӯйи фарҳангу маънавиёт ва маърифат мебарад», — изҳор дошт ӯ.
 
Баъдан, басаҳнагузорандаи «Пизишки паррон» Қурбони Собир иброз дошт, ки намоишномаи мазкур аз диди нав рӯйи саҳна омада, он як навъ дигаргуниро дар фаҳмиши асарҳои ишқӣ ба вуҷуд овардааст, яъне дар интиҳои намоишнома қаҳрамонҳо ба мақсади ягона- висоли якдигар мерасанд.
 Лозим ба ёдоварист, ки мавзӯи намоишнома масъалаҳои доғи рӯз — содагиву саҳлангории бархе афродро, ки ба сухани ҳар нафар бовар карда, фирефтаи фанди ҳар гуна пизишк-табиб мешаванд, фарогир буд.

Сентябрь 20, 2014 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад