Фирефтаи фанди «Пизишки паррон»
Душанбе, 20.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Театр макони аҷибест, ки саҳнаҳои ғайриинтизор дорад» ва «Кӯчактарин сабаб ишқро ба дилбастагӣ табдил медиҳад»- инҳо ҷумлаҳое буданд, ки аз забони нақшофарони саҳнаи наву ҷолиб дар спектакли мазҳакавии «Пизишки паррон» аз рӯйи асари адиби фаронсавӣ Жан Батист Молер садо медоданд.
Ин аввалин намоишномае буд, ки ба давраи нави театрӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Тарҷумон, басаҳнагузоранда ва ороишгари мусиқии «Пизишки паррон» Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир буда, он рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ манзури кормандони мақомоти корҳои дохилӣ гардонида шуд.
Дар он ҳунармандони шинохта ва соҳибистеъдод Саодат Азизова, Умед Бобомуродов, Шуҷоат Ҷалолиддинов, Иброҳим Лясов, Дилрабо Паллаева, Аъзам Розиқов ва Убайдулло Саъдуллоев ҳунарнамоӣ карданд.
Қабл аз оғози намоиш директори театри мазкур Ибодулло Машрапов гуфт, ки дар намоишномаи «Пизишки паррон» асосан ҳунармандони ҷавони театр ҳунарнамоӣ карда, он дар мувофиқа бо замони муосир дар шакли нав, ба таври тоҷикона ба намоиш гузошта шудааст.
Сардори шуъбаи раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Абумуталиб Оев табрикоти вазири корҳои дохилиро бахшида ба 85-солагии Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба роҳбарият ва ҳайати ҳунармандон расонид. «Театр инъикоскунандаи ҷомеа мебошад ва ҷомеаро ба сӯйи фарҳангу маънавиёт ва маърифат мебарад», — изҳор дошт ӯ.
Баъдан, басаҳнагузорандаи «Пизишки паррон» Қурбони Собир иброз дошт, ки намоишномаи мазкур аз диди нав рӯйи саҳна омада, он як навъ дигаргуниро дар фаҳмиши асарҳои ишқӣ ба вуҷуд овардааст, яъне дар интиҳои намоишнома қаҳрамонҳо ба мақсади ягона- висоли якдигар мерасанд.
Лозим ба ёдоварист, ки мавзӯи намоишнома масъалаҳои доғи рӯз — содагиву саҳлангории бархе афродро, ки ба сухани ҳар нафар бовар карда, фирефтаи фанди ҳар гуна пизишк-табиб мешаванд, фарогир буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






