«Фортуна-К» 100 ҷои кор пешниҳод мекунад

Сентябрь 2, 2014 16:04

Душанбе, 02.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-То интиҳои соли ҷорӣ ҶДММ Корхонаи фаръии  «Фортуна-К» дар шаҳри Хуҷанд ба кор оғоз менамояд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд корхонаи мазкур барои истеҳсоли маҳсулоти чӯбӣ, аз қабили дару тиреза, фарш ва дигар маҳсулоти чӯбу тахтагӣ ва коркарди онҳо пешбинӣ гардидааст. Ин корхона дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҷойгир шуда, аз сехҳои коркарди чӯб, истеҳсоли дару тиреза рангубордиҳӣ ва ғайра иборат аст.
Роҳбарияти коргоҳ ният доранд то интиҳои соли равон корҳои васлу танзими таҷҳизот,истеҳсоли таҷрибавии маҳсулотро ба интиҳо расонанд. Коргоҳи мазкур наздик ба 100 нафар мутахассис ва хоҳишмандро бо ҷойи кор таъмин хоҳад кард.
 

Сентябрь 2, 2014 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад