Форуми иқтисодии Тоҷикистону Австрия
Душанбе, 17.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Иқтидори иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон дар Вена, пойтахти Австрия ҳамоиши иқтисодии Тоҷикистону Австрия доир гардид. Дар ҳамоиш ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматҷон Бӯриев роҳбарӣ намуда, дар он доираҳои тиҷоратӣ ва намояндагони сохторҳои Тоҷикистону Австрия ширкат доштанд.
Форуми иқтисодии Тоҷикистону Австрия бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия дар ҳамкорӣ бо Палатаи федеролии иқтисодии Австрия ва бо дастгирии Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар доир гардид. Рушди соҳибкории ватанӣ, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо шарикони австриягӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари он ба иқтисоди кишвар, инчунин афзоиши гардиши мутақобилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Австрия аз ҳадафҳои асосии ҳамоиш буд. Дар ҳамоиш ҳайати Тоҷикистон таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро бештар ба масоили афзалиятҳову иқтидори сармоягузории кишвар, лоиҳаҳои сармоягузорие. ки дар соҳаҳои мухталиф татбиқ мешаванд ва низоми кафолати сармоягузорӣ ҷалб кард. Инчунин дар бораи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон, санадҳои аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ ва эътирофшуда ва минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар маълумоти муфассал ироа шуд. Дар фарҷоми ҳамоиш миёни доираҳои тиҷоратӣ ва намояндагони ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистону Австрия мулоқотҳои судманд сурат гирифтанд, ки дар онҳо иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар матраҳ гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






