Форуми ихтироъкорон: «Аз ихтироъ ба инноватсия»
Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Форуми ихтироъкорони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Аз ихтироъ ба инноватсия» баргузор мегардад.
Мақсади асосии Форум, ки 10 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дар самти анҷом додани кашфиёту ихтирооти нав, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир, таҳкими алоқаи байни илм ва истеҳсолот, баланд бардоштани татбиқи амалӣ ва самаранокии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, баррасии масъалаҳои соҳа ва рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар мебошад.
Дар Форум намоишгоҳи ихтироот манзури иштирокчиёни чорабинӣ хоҳад гашт, ки ба он аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» «Патент» ба ихтироъ дода шудааст, инчунин он ихтироъҳое, ки имрўз дар амал татбиқ гардидаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






