Форуми миллӣ дар «Душанбе Плаза»
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи ҳамоҳангсози назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаи «Рушди хизматрасонии тиббӣ» ва дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ рӯзҳои 23 — 24 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» Форуми миллӣ бо иштироки мутахассисони байналмилалӣ оид ба ворид намудани механизми нави маблағгузорӣ дар тандурустӣ доир мегардад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат, ҳадафи асосии ин форум танзими идораи маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар чорчӯбаи татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ва муҳокимаи расмии раванди ворид намудани механизми нави маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад.
Дар назар аст, ки дар кори конфронс вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Туманова, менеҷери минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Патрисия Виверс — Картер, сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ Вези Мсиша ширкат меварзанд. Ҳамчунин дар кори Форум ширкати беш аз 100 нафар роҳбарону мутахассисони соҳаи тандурустии кишвар, шарикони байналмилалӣ оид ба рушд ва меҳмонони хориҷӣ дар назар аст.
Зимни суханрониҳо дастовардҳо ва роҳҳои ворид намудани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва ҷорӣ намудани роҳу усулҳои нави маблағгузории соҳа мавриди назар қарор мегиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






