Густариши робитаҳо байни Тоҷикистон ва ЮНЕСКО
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дар ҳошияи иҷлосияи 69-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова 26 сентябри соли 2014 дар шаҳри Ню-Йорк доир гашт.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, С. Аслов оид ба 37-умин конфронси генералии ЮНЕСКО, ки дар он 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 700-солагии мутафаккир ва шоир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии шоир, файласуф ва ориф Абдураҳмони Ҷомӣ ва 100-солагии бастакор Зиёдулло Шаҳидӣ ба рӯйхати санаҳои муҳим ворид шуданд, ибрози хушнудӣ намуд.
Сироҷидин Аслов инчунин ба Ирина Бокова ва дар шахсияти ӯ ба кормандони ЮНЕСКО барои ҳамкорӣ ва дастгирии Тоҷикистон дар баргузории “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013” миннатдорӣ баён кард.
Ҷонибҳо мавқеи ҳамсон доштанд, ки идома ва густариши робитаҳо байни Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф зарур аст. Дар ин росто аҳамияти ҳамкории наздиктар ҷиҳати таҳкими иқтидори Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО таъкид шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






