Гвардияи миллӣ 19- сола шуд

Сентябрь 5, 2014 10:12

 
Душанбе, 5.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз таъсиси Гвардияи миллӣ, ки як ҷузъи муҳими қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб  ёфта, дар таъмини амният,  муҳофизати марзу бум ва таҳкими Истиқлолият нақши калидӣ дорад, 19 сол сипарӣ шуд.
Ба ин муносибат намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов ба қисми низомии 051056 Гвардияи миллӣ  омада, сарбозону афсарон ва ҳайати шахсии қисми низомиро аз номи роҳбарияти шаҳру вилоят  табрик намуданд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суханронӣ таъкид гардид, ки фаъолият ва раванди хизмати ҳомиёни шуҷоъ ва ҷавонони бонангу номуси  Ватан зери таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату ҳукумат ва роҳбарияти вилоят қарор дорад.
“Имрӯзҳо амнияти кишвар, ҳифзи сулҳу субот ва оромии шаҳрвандон аз воҳидҳои низомии қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, барҳақ Гвардияи миллӣ вобастагии калон  дорад”,-зикр шуд дар вохӯрӣ.
 
 
 
 

Сентябрь 5, 2014 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд