Гвардияи миллӣ 19- сола шуд
Душанбе, 5.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз таъсиси Гвардияи миллӣ, ки як ҷузъи муҳими қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар таъмини амният, муҳофизати марзу бум ва таҳкими Истиқлолият нақши калидӣ дорад, 19 сол сипарӣ шуд.
Ба ин муносибат намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов ба қисми низомии 051056 Гвардияи миллӣ омада, сарбозону афсарон ва ҳайати шахсии қисми низомиро аз номи роҳбарияти шаҳру вилоят табрик намуданд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суханронӣ таъкид гардид, ки фаъолият ва раванди хизмати ҳомиёни шуҷоъ ва ҷавонони бонангу номуси Ватан зери таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату ҳукумат ва роҳбарияти вилоят қарор дорад.
“Имрӯзҳо амнияти кишвар, ҳифзи сулҳу субот ва оромии шаҳрвандон аз воҳидҳои низомии қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, барҳақ Гвардияи миллӣ вобастагии калон дорад”,-зикр шуд дар вохӯрӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






