Хариди 6 ҳазор гӯсфанд барои қурбонӣ дар Макка

Сентябрь 30, 2014 12:20

 
 Душанбе, 30.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар аз хариди беш аз 6 ҳазор гӯсфанд барои зоирини тоҷик дар шаҳри Маккаи мукаррама хабар дод. 
Тавре ки Афшини Муқим, сардори маркази матбуоти Кумитаи дин, ки ҳоло дар шаҳри Макка қарор дорад, имрӯз дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  гуфт, ки гӯсфандон барои иҷрои яке аз рукнҳои ҳаҷҷи фарзии сокинони Тоҷикистон — қурбонӣ кардан харид шудаанд. Барои ҳар зоир як гӯсфанд рост меояд, ки арзиши он 490 риёли саудӣ, муодили 131 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. 
Ба иттилои манбаъ, ин гӯсфандон дар асоси шартномаи Кумитаи дин ва ширкати хизматрасон харид шудаанд ва дар робита ба ҳар як зоири тоҷик расиди махсус оид ба анҷом додани қурбонӣ дода мешавад.
Ба гуфтаи масъулини ширкати хизматрасон аз миқдори умумии гӯшти гӯсфандони қурбонишаванда тақрибан 5 тоннаи он дар ихтиёри зоирини тоҷик гузошта мешавад, то онҳо низ аз қурбонии анҷомдодаи худ истифода намоянд.

 

Сентябрь 30, 2014 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад