Хатлон: Семинар барои Қӯшунҳои сарҳадӣ
Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо ташаббуси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Қурғонтеппа семинари омўзишӣ гузаронида шуд.
Тавре ки аз шуъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ иттилоъ доданд, дар семинар сардорони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппа, кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии Қурғонтеппа, фаъолони ташкилоту муассисаҳои шаҳр иштирок намуданд.
Дар он доир ба талаботи қонунгузории Федератсияи Русия нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, қоидаҳои воридшавӣ ба ин давлат, дуруст пур кардани варақаҳои муҳоҷиратӣ ва дигар масъалаҳое, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Федератсияи Русия бо онҳо дучор меоянд, дастурҳо дода шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






