Хатти нави интиқоли барқ рӯи кор меояд
Душанбе, 04.09.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). – Дар яке аз ноҳияҳои саноатии пойтахт хатти нави интиқоли барқи масофааш баробари 1,5 километр мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин бора роҳбари шабакаҳои барқи ноҳияҳои пойтахт Саид Кишваров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Мувофиқи суханони мавсуф, хатти интиқоли барқи дорои қудрати 10 киловолт бархе корхонаҳои саноатии кӯчаи Гардиши ҷанубиро ба таври мураттаб бо қувваи барқ таъмин мекунад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои наздик дар ин минтақаи пойтахт иншоотҳои калон, аз қабили бунгоҳи гумрук, матбаа, маркази муоинаи техникии автомобилҳо ва иншоотҳои дигари саноатӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Саид Кишваров ҳамчунин зикр намуд, ки пештар сокинони ноҳияи мазкур аз нигоҳи истифодаи неруи барқ дучори баъзе душвориҳо мешуданд. Баъди ба истифода додани хатти нави интиқоли барқ сокинони ин маҳалла тамоми сол бо қувваи барқ таъмин хоҳанд шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






