«Хизмати шоиста» ба иқтисодчиёни кишвар

Сентябрь 2, 2014 11:10

Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Роҳбари Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» Ҷамшед Қурбонов ва сармутахассиси раёсати ҳамкориҳои иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Раъно Набиева бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шуданд. 
Маросими мукофотсупорӣ дар ҳамоиши имрӯзаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ки ба Рӯзи Истиқлолияти кишвар бахшида шуда буд, баргузор гардид. 
Ҷаласаро вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ карда, сипас ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Фаррух Ҳамрализода фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мукофотонидани кормандони вазорат қироат намуд.
Ҳамчунин ба як гурӯҳ кормандон ифтихорномаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо супорида шуданд.  

Сентябрь 2, 2014 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад