ХМ тағйиру иловаҳои қонунгузории ФР-ро мефаҳмонад
Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони Шуъбаи баҳисобгирии муҳоҷират ва назорати рафтуомади шаҳрвандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе корҳои тарғиботию ташвикотиро бо нафароне, ки барои кор ба хориҷа сафар доранд, дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дучанд намуда истодаанд.
Бино ба иттилои шуъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ, дар аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ то имрӯз тавассути «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба хориҷа, бахусус ба Федератсияи Русия 81 хатсайр доир шуда, 78 ҳавопаймо фуруд омад.
Аз ҷумла, дар ин давра тавассути Фурудгоҳи байнамилалии шаҳри Душанбе ба хориҷи кишвар қариб 16 ҳазор нафар сафар намуд. Аз онҳо 12 ҳазору 162 нафар мард ва 3 ҳазору 882 нафар зан мебошад. Зиёда аз 14 ҳазору 600 нафар шаҳрванди мамлакат ба ҷойҳои муқимии хеш баргашта, аз он 10 ҳазору 818 нафараш мард ва 3 ҳазору 815 нафараш зан мебошад.
Бино ба гуфтаи сардори Шуъбаи баҳисобгирии муҳоҷират ва назорати рафтуомади шаҳрвандон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират Нарзулло Бекназаров, кормандони шуъба дар як басти кории худ қариб ба 550 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки ба Русия сафар доранд, тарзи дуруст пур кардани варақаҳои муҳоҷирати меҳнатиро нишон дода, оид ба тағйиру иловаҳои қонунгузории Федеролии Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ маслиҳат медиҳанд.
Аз аввали моҳи сентябри соли равон ба Шуъбаи баҳисобгирии муҳоҷират ва назорати рафтуомади шаҳрвандон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 200 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ барои гирифтани маълумот оид ба тағйиротҳо дар қонунҳои нави Федератсияи Русия муроҷиат намудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






