Хуҷанд: 200 ҳазор сомонӣ зарар аз сӯхтор
Хуҷанд, 12.09.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- Дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси шаҳри Хуҷанд 39 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шуда, аз он 33 -тояш дар манзилҳои истиқоматии аҳолӣ рух додааст.
Тавре ки ба «АМИТ» Ховар нозири Назорати давлатии бехатарии сӯхторҳо дар шаҳри Хуҷанд лейтенант М.Азиззода иттилоъ дод, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳр 39 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба амал омада, маблағи зарари он 192 ҳазору 612 сомониро ташкил дод. Ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2013-ум 8 ҳодиса зиёд аст.
Сабабҳои асосии сӯхтор- ин беэҳтиётӣ нисбат ба оташ, истифодаи таҷҳизоти вайронаи гармидиҳии барқӣ, нодуруст истифода бурдани таҷҳизоти гази моеъ буда, аз шумораи умумии сӯхторҳои сарзада 14 ҳодиса ба вайрон будани таҷҳизоти гармидиҳии барқӣ, 10 ҳолат ба нодуруст пайвастани ноқили барқӣ вобаста аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






