Иқдоми ҷавонон бахшида ба Рӯзи Парчам
Душанбе, 23.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Амалиёти “Мо китоб мехонем”, ки марҳилаи дуюми он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷараён дорад, бо дастгири Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад. Ҳамчунин дар назар аст амалиёти мазкур рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе низ бахшида ба Рӯзи парчам доир шавад. Дар робита ба ин роҷеъ ба фазоили китоб ва ҳамчунин нақши китобу китобхона дар ҳаёти гузаштагон ва ҷавонону наврасон бо Ҷалолиддин Нуров, мудири бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ суҳбат намудем.
Би гуфти мавсуф, дар ҳар хона ва ё дар ҳар ҷомеаю давлате, ки китоб ва ё китобхона дар он набошад, ҳатман ҷавонони он ҷомеа, ки ҳукми меваҳоро доранд, хому норасида мемонанд. Бояд зикр намуд, ки ҷавонон дар ҳар асру замон дар ҷомеа нақши ҳалкунанда ва тақдирсоз доранд ва бо тарзи дигар бигӯем, ҷавонон назири баҳре ҳастанд, ки мо метавонем бо истифодаи оқилона аз ин баҳр боғҳову бӯстонҳо бунёд кунем.
Пас маълум мегардад, ки ҷавонон дар ҷомеаи муосир ҳам нақши созанда ва ҳам нақши сӯзанда доранд. Агар мо ҷавононро ба китобхонаву китобхонӣ ҷалб намоем, дар ин сурат бе шак гуфта метавонем, ки ҷавонони мо як неруи созандаву бунёдкор ба камол мерасанд. Чуноне ки донишмандон дар фазоили китоб мегўянд: “Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамадин, хосса, ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст”. Имрўзҳо дар замони муосири мо техникаву технология ба дараҷаи бениҳоят баланд рушд кардааст, ки мо метавонем бо пахши як тугмача аз тамоми китобхонаҳои электронӣ ва хабарҳои ҷаҳонӣ ва ҳамчунин аз набзи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву варзишии сайёра огоҳ гардем.
Хулоса, бояд ҷавонону толибилмон аз ин шароиту имкониятҳое, ки ҳукумату давлат барои мо муҳайё сохтааст, самаранок истифода баранд. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дорои 10 миллион китоб буда, ба шабакаи интернет пайваст аст, пайваста ба мутолеа машғул шаванд. Ман бо бовари комил мегўям, ки агар мо аз ин китобхона оқилона истифода кунем, дар солҳои наздик боз нобиғагоне ба монанди Сино, Абўрайҳони Берунӣ, Саъдӣ ва Мавлоноро ба ин миллат медиҳем, ки аз шуҳрати онҳо ҷаҳониён боз ҳам ангушти ҳайрат мегазанд”,-гуфт Ҷалолиддин Нуров.
“Ҳамин рисолатро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта, амалиёти “Мо китоб мехонем”-ро дар байни ҷавонон роҳандозӣ намудааст. Дар доираи ин амалиёт кумита китобҳои бекорхобидаро, ки дар рафҳои хонаҳо ва ташкилоту идораҳо зери ҷангу ғубор хобидаанд, ҷамъоварӣ намуда, дар рўзи иқдоми муқарраршуда байни қисмҳои низомӣ, муассисаҳои ислоҳӣ ва дӯстдорони китоб ройгон тақсим менамояд, то завқи китобхонии онҳоро бо ин иқдом бедор намуда, онҳоро ба донишомўзӣ ва дарёфти илму фарҳанг раҳнамун созад.
-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тасмим гирифтааст, ки санаи 15 ноябри соли 2014 иқдоми “Мо китоб мехонем”-ро бахшида ба рўзи Парчами миллӣ такроран баргузор намуда, 20 ҳазор китобро ройгон ба ҷавонон ва дӯстдорони китоб тақсим намояд”,- афзуд мудири бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров.