Иқдоми экологии «Мо метавонем!»
Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). – Рӯзномаи «Вечёрка» — и пойтахт, Маркази фарҳангии «Аржанг» ва сохторҳои тиҷоратии онҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 90 – солагии пойтахт 11 ва 12 октябри соли ҷорӣ иди халқӣ ва иқдоми экологиро таҳти унвони «Мо метавонем!» роҳандозӣ менамоянд. Директори Маркази фарҳангии «Аржанг» Зафар Абдуллоев дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
«Иқдоми экологӣ ва иди халқӣ 11 октябр дар майдони назди Маҷмааи нави тиҷоратии «Пойтахт – 90» оғоз меёбад», — гуфт Зафар Абдуллоев.
Ёдовар мешавем, ки раёсати пойтахт дар арафаи ин ид 11 октябрро рӯзи ҳашари умумишаҳрӣ эълон кардааст, ки он таҳти шиори «Мо метавонем!» баргузор мегардад.
Тарҷумон – Шарифзода М.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






