Ид болои ид: санаи иди Қурбон муайян шуд
Душанбе, 25.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Иди саиди Қурбон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2014 таҷлил шуда, дар иртибот ба ин дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар соати 7:00 субҳ намози иди Қурбон баргузор мегардад. Дар ин хусус 25 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои уламо Маркази исломии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Саидмукаррам Абдулқодирзода- раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо ҳузури аъзои Шӯрои уламои кишвар, сархатибони масҷидҳои марказии навоҳии тобеи марказ ва имомхатибони шаҳри Душанбе баргузор шуд, қарори марбута қабул гардид.
Аз Шӯрои уламои кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки санаи таҷлили иди саиди Қурбон тибқи ҳисоби илмӣ ва ҳисоби эҳҷаздабуд мушаххас шудааст. Дар ҷаласа аз имомхатибон даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи иди саиди Қурбон дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба илмомӯзии наврасону ҷавонон ва расонидани кумак ба ятимону барҷомондагон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа ҷалб намоянд. Ҳамзамон масъалаи сарфаю сариштакориро риоя намуда, дар мавриди оростани дастархони пурнозу неъмати идона, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба мусобиқа табдил гардидааст, худдорӣ намуда, худи рӯҳониён ва ходимони дин бояд ба мардум дар ин масъала намунаи ибрат бошанд.
Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаи супоридани ҳаққи узвияти масҷидҳои ҷомеи кишвар аз ҳисоби иди Қурбон ба хазинаи Маркази исломӣ, ки 600 сомониро ташкил медиҳад, матраҳ гардид.
Бояд зикр кард, ки иди саиди Қурбон соли равон дар санае таҷлил мешавад, ки дар ин рӯз, яъне 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






