Идомаи вуруди номаҳои шодбошӣ ба муносибати 23-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2014 19:42

 
Душанбе, 9.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — Ба муносибати ҷашни иди миллӣ – бисту сеюмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои ҷамъиятӣ идома дорад.
 
Дар номаи шодбошии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ чунин омадааст: 
«Ҷаноби Олӣ,
Фаро расидани солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ, Давлат ва мардуми он кишвар самимона табрик мегӯям.
Умедворам, бо таваҷҷӯҳ ба пайвандҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангии мардуми ду кишвар раванди тавсеаи муносиботи дӯстонаи дуҷониба аз ин пас низ дар ҳама заминаҳо беш аз пеш идома ёбад ва мардуми Эрон ва Тоҷикистон ва ҳамчунин мардуми минтақа ҳамчунон аз манофеи он баҳраманд гарданд.
Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он Ҷаноб ва беҳрӯзӣ ва некбахтии Давлат ва мардуми Тоҷикистонро орзу дорам».
 
Президенти Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Йоахим Гаук дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд:
 

«Ҷаноби Президент,
Ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва халқи тоҷик аз номи худам ва ҳамватанонам табрикоти самимӣ ирсол медорам.
Дар давоми зиёда аз бист сол, пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон миёни кишварҳоямон дар бисёр соҳаҳо муносиботи хуб ва боэътимод густариш ёфт. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ шарики муҳим аст, ки Олмон ба он минбаъд низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Ман бовар дорам, ки сохтори устувори демократия ва давлати ҳуқуқбунёд беҳтарин гарави рушди муваффақонаи кишвар аст.  Олмон дар оянда низ ҳамчун шарик Тоҷикистонро дар пешрафти он ҳамроҳӣ ва дастгирӣ менамояд. 
Ба Шумо тамоми хушиҳо ва ба халқи Шумо сулҳ, озодӣ ва некуаҳволиро таманно дорам». 

 
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст: 
 

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.
Эътимод бар он дорам, ки муносиботи мавҷудаи таърихан ташаккулёфтаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобилаи миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон минбаъд низ ба нафъи халқҳои ду кишвар, ба манфиати нигаҳдории амният ва субот дар минтақаи мо рушд мекунанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, тамоми хушиҳо ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳ ва комёбиҳо таманно дорам».         

Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар номааш гуфтааст:
 

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Аз номи халқи Озарбойҷон ва шахсан аз номи худам Шуморо ва дар шахси Шумо тамоми халқи Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни  миллии кишвар – Рӯзи истиқлолият самимона табрик менамоям. 
Озарбойҷон ва Тоҷикистонро муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳамкорӣ мепайванданд. Ҳоло ин муносибот ба самти рушди ҳамаҷониба ва динамикӣ ҷараён гирифта, мазмуни нав касб мекунанд. 
Мутмаинам, ки кӯшишҳои якҷояи мо дар оянда низ ба рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатӣ, ба тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва гуманитарии миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон равона мегарданд. 
Дар ин рӯзи муборак ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушбахтӣ, муваффақиятҳо ва ба халқи бародари Тоҷикистон сулҳ ва комёбиҳо таманно дорам».     

Дар табрику таҳнияти Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, чунин омадааст: 
 
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Боиси қаноатмандии ман аст, ки аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин аз номи худам шахсан Шумо ва дар симои Шумо ба ҳамаи халқи дӯсти мамлакати Шумо табрикоти самимиро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоям.
Xурсандибахш аст, ки муносибатҳои сатҳи олии мавҷудаи миёни Туркманистон ва Тоҷикистонро, ки доимо дар самтҳои гуногун, аз он ҷумла сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ-башардӯстӣ ва дигар бахшҳо таҳким ва густариш меёбанд, қайд намоям.
Садоқати тағйирнопазири мамлакатҳоямон барои минбаъд ҳам густариш бахшидани гуфтушуниди байнидавлатии Туркманистону Тоҷикистон ҷавобгӯи манфиатҳои мардумони ҳарду кишвар аст.
Cамимона ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии комил, хушбахтӣ ва шукуфоӣ ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳ, пешрафт ва шукукфоӣ орзу менамоям».
 
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
 
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Сидқан Шуморо бо иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият таҳният мегӯям.
Қазоқистон ба муносибатҳои дӯстонаи тарафайн бо Тоҷикистон аҳамияти махсус медиҳад. Ба ин рушди муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни давлатҳоямон шаҳодат медиҳанд.
Итминон дорам, ки муносиботи асоснок ва гуногунҷанба байни кишварҳоямон, ки дар заминаи дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ҳосил шудаанд, дар оянда низ ба нафъи халқҳои бародарамон густариш меёбанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо саломатии бардавом, дар фаъолиятатон комёбиҳои нав ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно мекунам».
 
Дар паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев омадааст:
 
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Табрикоти самимонаи маро ба муносибати рузи истиқлолияти Тоҷикистон қабул намоед.
Мутмаинам,ки кафолати нигоҳдоштани дустӣ ва ҳамсоягии нек, эҳтироми якдигар ва нигоҳ доштани муқддасоти фарҳангӣ байни мардуми мо, ташкили сиёсати созандае,ки ба рушди ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қирғизистон замина мегузорад, маҳсуб меёбад.
Ба Шумо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии комил, дар фаъолияти давлатиатон барору комёбӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».
 
Номаҳои табрикӣ ҳамчунин аз Шоҳи Шветсия – Карл Густаф, Президенти Федеративии Ҷумҳурии Австрия – Хайнс Фишер, Президенти Ҷумҳурии Болгария – Росен Плевнелиев, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика – Энрике Пена Нието, Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия – Башшор Асад, Валиаҳд, Муовини Раиси Шӯрои Вазирон ва Вазири мудофиаи Мамлакати Арабистони Саудӣ – Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Роҳбари Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Жозе Гратсиану да Силва, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ барои Осиё Марказӣ – Мирослав Енча ва дигарон расиданд.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати 23-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.
 

Сентябрь 9, 2014 19:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад