Ифтитоҳи дувумин пойгоҳи инноватсионии ронандагии «Автодром» дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 06.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе пойгоҳи инноватсионии ронандагии “Автодром” ифтитоҳ ёфт.Тавре иттилоъ доданд, ин дуюмин чунин пойгоҳи автоматикунонидаи ҷавобгӯи талаботи муосири ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе ва панҷум дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад.Пойгоҳи автоматикунонидаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони ташаббускори ватанӣ бунёд гардидааст. Иқдоми онҳо намунаи олии амалӣ намудани лоиҳаи ҳамкории бахши хусусӣ ва давлат арзёбӣ мегардад.Чунонки аён гардид, фаъолияти ин пойгоҳ дар якҷоягӣ бо мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ, мактабҳои ронандагӣ ва дигар сохторҳои марбута ба роҳ монда шуда, барои истифодабарии сокинони пойтахт ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.Сохтмони пойгоҳи мазкур охири соли 2013 шурӯъ шуда, дар давоми 9 моҳ ба охир расид. Маблағи умумии сохтмон беш аз 9 миллион сомониро ташкил медиҳад.Барои таҷҳизонидани пойгоҳи мазкур 26 воситаи нақлиёт аз қабили мошинҳои сабукрав, боркаш, автобусҳо ва мотосиклҳо барои гузаронидани машқҳои ронандагӣ ва қабули имтиҳони амалӣ харидорӣ шудааст. Инчунин барои ҷаҳозонидани майдони ронандагӣ таҷҳизоти инноватсионии компутерӣ барои сабти раванди қабули имтиҳони ронандагӣ дар шабакаи электронии ягонаи ҷумҳуриявӣ васл карда шудааст.Мактаби ронандагӣ дорои таҷҳизоти инноватсионии истеҳсоли давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошад.Дар ин пойгоҳ имкон аст, ки то 80 нафар дар як рӯз машқҳои ронандагӣ анҷом диҳанд ва то 90 нафари дигар бо воситаҳои нақлиёти сабукрав ва боркаш имтиҳони амалии ронандагӣ супоранд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки шумораи синфхонаҳо ва таълимгирандагон афзун карда шавад, зеро талабот зиёд аст.Дар мактаби ронандагӣ ва бахшҳои ёрирасони ин пойгоҳ барои 120 нафар ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст. Барои кормандони пойгоҳ ва довталабону муҳассилин тамоми шароити маишиву иҷтимоӣ фароҳам оварда шудааст.Афзалияти аз ҳама муҳими мактаби ронандагии ин пойгоҳ дар он аст, ки ин ҷо ҷараёни тамоми корҳо, аз ҷумла дарсҳои назариявию амалӣ ва ҳам имтиҳонҳои назариявию амалӣ таҳти назари камераҳои мушоҳидавӣ ва дигар воситаҳои техникии назорат қарор дорад ва имкони ҳама гуна дахолати номатлуб ба ин раванд, аз ҷумла амалҳои коррупсионӣ, аз миён бардошта шудааст.Ин афзалият ва чунин шароит имкон медиҳад, ки ронандагони оянда хуб хонда, ҳамаи нозукиҳои ин касбу ҳунарро аз худ кунанд ва бе ёрии касе имтиҳон супурда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шаванд.Ҳадафи ниҳоӣ аз бунёди ин пойгоҳҳо ва дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ мондани ҷараёни таълим баланд бардоштани касбияти ронандагон, хусусан ронандагони ҷавон, беҳ намудани фарҳанги ронандагӣ ва дар ниҳояти кор кам намудани шумораи садамаҳои нохуши нақлиётӣ мебошад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз бунёди чунин пойгоҳҳои инноватсионӣ, ки аллакай дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппаю Кӯлоб ва Хуҷанд фаъолияти босамар доранд, изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки дар шароити афзоиши босуръати шумораи мошинҳо дар Тоҷикистон омодасозии хуби ронандагон ва таъмини бехатарии ҳаракати рoҳҳо басо муҳим аст.Чунонки зикр гардид, сохтмони пойгоҳҳои шашум ва ҳафтум аз ин силсила ҳоло дар шаҳрҳои Истаравшан ва Исфара идома дорад. Ҳамин гуна пойгоҳу мактабҳои инноватсионии ронандагӣ минбаъд аз ҷониби ҳамин гурӯҳи соҳибкорон дар тамоми минтақаҳои кишвар сохта, ба кор дароварда мешаванд. Барои ин сохтмони 50 мактаби нави инноватсионии ронандагӣ дар нақша аст.








«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






