Ифтитоҳи курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар Брюссел
Душанбе, 08.09.2014 (АМИТ “Ховар”).- 6 сентябри соли 2014 дар яке аз толорҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия маросими ифтитоҳи курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ бо иштироки фаъолони ҷамъияти тоҷик дар кишвари иқомат барпо гардид.
Ҳадаф аз ташкили курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ барои аъзои ҷамъияти тоҷик ва хориҷиён ин ташвиқу тарғиб ва ҳифзи забони тоҷикӣ, таърих, фарҳанг, санъат ва дигар унсурҳои асосии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии миллати тоҷик мебошад.
Қобили зикр аст, ки қаблан чанд шаҳрванди Белгия, кормандони сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, васоити ахбори оммаи аврупоӣ ва ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии муқими Брюссел бо рағбати омӯзиши забони тоҷикӣ ба Намояндагии дипломатии Тоҷикистон муроҷиат карда буданд.
Дар бинои Намояндагӣ толори хурду бузург бо мизу курсиҳо, оинаи нилгун ҷиҳати намоиши филмҳои гуногуни мавзӯӣ, китобу матолиби дахлдор барои гузаронидани курсҳои мазкури забонӣ дар сатҳи зарурӣ вуҷуд дорад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






