Ифтитоҳи курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар Брюссел

Сентябрь 8, 2014 09:53

Душанбе, 08.09.2014 (АМИТ “Ховар”).- 6 сентябри соли 2014 дар яке аз толорҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия маросими ифтитоҳи курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ бо иштироки фаъолони ҷамъияти  тоҷик дар кишвари иқомат барпо гардид.
Ҳадаф аз ташкили курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ барои аъзои ҷамъияти тоҷик ва хориҷиён ин ташвиқу тарғиб ва ҳифзи забони тоҷикӣ, таърих, фарҳанг, санъат ва дигар унсурҳои асосии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии миллати тоҷик мебошад. 
Қобили зикр аст, ки қаблан чанд шаҳрванди Белгия, кормандони сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, васоити ахбори оммаи аврупоӣ ва ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии муқими Брюссел бо рағбати омӯзиши забони тоҷикӣ ба Намояндагии дипломатии Тоҷикистон муроҷиат карда буданд.
Дар бинои Намояндагӣ толори хурду бузург бо мизу курсиҳо, оинаи нилгун ҷиҳати намоиши филмҳои гуногуни мавзӯӣ, китобу матолиби дахлдор барои гузаронидани курсҳои мазкури забонӣ дар сатҳи зарурӣ вуҷуд дорад.
 

Сентябрь 8, 2014 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид