Ифтитоҳи мактаб-интернати махсус дар Исфара
Душанбе, 3.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ Корхонаи кимиёвии шаҳри Исфара дар мактаб — инетернати махсуси қувваи босираашон сусти шаҳр бинои иловагии таълимиро бунёд намуд, ки дар Рӯзи дониш мавриди истифода қарор гирифт.Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, барои бунёди ин бинои замонавии дорои ҳамаи шароити таҳсил аз ҳисоби даромади корхона 600 000 сомонӣ масраф шудааст ва сохтмони онро бинокорони корхона анҷом доданд.Ҳамакнун барои 80 нафар толибилми босираашон суст шароити зарурии таҳсил фароҳам оварда шуд.Зимнан, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳри Исфара 82 иншооти соҳаи маориф бо 14 000 ҷои нишаст ба истифода дода шуда, ҳоло сохтмони 4 мактаб идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






