Ифтитоҳи меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон» дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 06.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон» дар шаҳри Душанбе иштирок намуд.Зимни ифтитоҳи ин меҳмонхонаи 15-ошёнаи дорои дараҷаи 5 ситора, ки хеле зебо ва бо тарҳу намои муосир бунёд ёфтааст ва шиносоӣ бо шароити дар он муҳайёгардида, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин нахустин меҳмонхонаи Шератон натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли Осиёи Марказӣ аст.Меҳмонхона бо харҷи 275 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкати хусусии СИ ЭЙ ЧЕЛ-и Ҷумҳурии Ҳиндустон бунёд шуда, дорои 148 утоқи зисти дараҷаҳои гуногун мебошад ва барои қабули ҳама гуна меҳмонон, то меҳмонони сатҳи олӣ пешбинӣ шудааст.Меҳмонхона ҳамчунин дорои толорҳо барои маҷлису гуфтушунидҳо, маҳфилу шабнишиниҳои гуногун, 2 тарабхона, толорҳои мухталифи варзишию солимгардонӣ аз қабили фитнес ва ғайра буда, дар он ба мизоҷон дараҷаи баланди хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.Дар ин меҳмонхона 180 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ки 95% онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла ин рӯйдоди фараҳбахшро ба сокинони пойтахт ва кулли кишвар табрик гуфта, ба сармоягузорон, мутахассисону муҳандисон ва бинокороне, ки дар бунёди ин меҳмонхонаи зебо заҳмат кашидаанд, изҳори сипос намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






