Ифтитоҳи Терминали гумрукии байналмилалии автомобилӣ
Душанбе, 5.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маҷмааи корхонаҳо ифтитоҳ гардид.
Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифодадиҳӣ зикр намуд, ки Маҷмааи корхонаҳое, ки имрӯз аз ҷониби Ҷамъияти «Фароз» ба истифода дода шуд, иборат аз терминали гумрукӣ, мактаби омодасозии ронандагон, толори варзишӣ, маркази ташхиси техникаи автомобилӣ, чопхонаи бисёр муосиру муҷаҳҳаз ва дигар иншооти зарурии хизматрасонӣ мебошад.
Ҷамъияти «Фароз» барои бунёди маҷмаа беш аз 100 миллион сомонӣ хароҷот намуда, коргоҳҳоро бо навтарин таҷҳизоти техникӣ таъмин кардааст, ки ҷиҳати ба мизоҷон расонидани хизмати босифату муосир дорои тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ мебошанд.
Яке аз коргоҳҳои навтаъсиси имрӯза Терминали гумрукии байналмилалии автомобилӣ аст, ки бо мақсади афзоиш додани ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ ва баланд бардоштани иқтидори транзитии кишвар бунёд шудааст.
Терминал бо усули хизматрасонии «Равзанаи ягона» фаъолият намуда, бо сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Хадамоти гумрук, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, нозироти савдо ва «Амонатбонк» ҳамкории муштарак дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






