Ифтитоҳи толори тирандозӣ дар Ҳамадонӣ
Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар Боғи фарҳангии ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа тирхона ба истифода дода шуд. Дар маросими кушодашавии он роҳбарияти ноҳия ва созмони мудофиавии вилояти Хатлон иштирок доштанд. Ин тирхона аз ҳисоби маблағҳои дохилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа бунёду таҷҳизонида шуд.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки сокинони ноҳия, хусусан наврасону ҷавонон нисбат ба варзиши тирандозӣ шавқу рағбати фаровон доранд.
Минбаъд чунин тирхонаҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо саҳмгузории Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба истифода дода хоҳанд шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






