Ифтитоҳи устохонаҳои омӯзишӣ

Сентябрь 2, 2014 14:48

Душанбе, 2.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар Рӯзи дониш- 1 сентябр дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф панҷ устохонаи омӯзишӣ барои омӯзгорони фанни технологияи меҳнат: дӯзандагӣ, таомпазӣ, коркарди чӯб, металл ва оҳан ифтитоҳ шуд, ки дар маросими он муовини вазири маориф ва илми кишвар Тоҷиниссо Маҳмадова иштирок намуд. Устохонаҳои омӯзишӣ дар доираи ҳамкориҳо бо созмони байналмилалии ҳамкориҳои Олмон (GIZ) ва аз ҳисоби маблағҳои барномаи минтақавии «Ислоҳоти соҳаи маориф дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» созмон дода шудааст. Назар ба иттилои Эҳсон Хушвахтов-котиби матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар чунин марказҳои омӯзишӣ ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ, 450 ҳазор сомонӣ муодил ба 87 ҳазору 378 $ дар филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормнадони соҳаи маориф дар Душанбе, Кӯлобу Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Хоруғ кушода мешаванд.

Сентябрь 2, 2014 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад