Имзои созишномаи нав
Душанбе, 01.09.2014. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив дар шаҳри Душанбе созишномаро аз рӯи лоиҳаи «Тиҷоратсозии кишоварзӣ» имзо намуданд.
Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, ҳадафи лоиҳа вусъат бахшидани тиҷоратсозии маҳсулоти кишоварзӣ бо василаи афзун намудани самарабахшии фаъолияти бахшҳои алоҳида ва вусъат додани фаъолияти ширкатҳои истеҳсолӣ мебошад.
Маблағи умумии лоиҳа 25 миллиону 920 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.
Лоиҳаи мазкур қариб 16 ҳазор истифодабарандаро фаро мегирад, ки на камтар аз 30 фоизи онро бояд занон ташкил диҳанд.
Истифодабарандагони лоиҳа асосан вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд.
Лоиҳа то соли 2021 дар амал татбиқ мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






