Имзои ёддоштҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳо
Душанбе, 27.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи сафари хизматӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи панҷоҳу чоруми Ассамблеяи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷараён дорад, ҳайати кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Муассиса Ҷамшед Қурбонов бо мақсади амалигардонии бандҳои дахлдори нақша-чорабиниҳои Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 доир ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ Ёддошти тафоҳумро бо як силсила мамлакатҳои пешрафта ба имзо расониданд.
Тибқи муколамаи ҷонибҳо 23 сентябри соли 2014 Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои дуҷониба байни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ва Институти патентии Туркия бо иштироки намояндагони сафоратхонаҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркия ба имзо расонида шуд.
Ёддошти тафоҳумро аз ҷониби Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» Ҷамшед Қурбонов ва аз ҷониби Туркия Президенти Институти патентии Туркия, доктор Ҳабиб Асан ба имзо расониданд.
Инчунин дар шаҳри Женева бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ Ёддошти тафоҳум байни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи моликияти зеҳнии Филиппин 25 сентябри соли 2014 ба имзо расонида шуд.
Ёддошти тафоҳумро аз ҷониби Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Қурбонов ва аз ҷониби Филиппин директори генералии Идораи моликияти зеҳнии Филиппин Рикардо Р. Бланкафлор ба имзо расониданд.
Ёддоштҳои тафоҳум бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти ҳифзи иншооти моликияти саноатӣ ба имзо расонида шуданд ва ҷонибҳо барои ҳамкории судманд ҳавасмандии худро изҳор намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






