Имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ

Сентябрь 11, 2014 10:24

Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар  қатори 8 санади ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эрон, 10 сентябри соли 2014 Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид.
Ҳуҷҷати мазкур дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Дар робита ба ин дирӯз мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода бо сарпарасти Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейни Анворӣ ҷиҳати муҳокимаи ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба доир гардид.
Бояд зикр кард, ки фаъолияти Кумитаи  имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 оғоз гардида, намояндагӣ ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ асосан ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва касбомӯзии шаҳрвандон нигаронида шудааст.
 Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои зиёд ҳамкории муштаракро бо Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ёддошти тафоҳуми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 25 июли соли 2006 ва қарордодҳои алоҳидаи соҳавӣ ба роҳ монда, барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии касбии низоми вазорат ва ба роҳандозии таълимгоҳҳои муштараки омӯзишӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки тайи ин давра дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистони ҷумҳурӣ 29 таълимгоҳи дӯзандагӣ, сантехникӣ, кафшергарӣ, нигинтарошӣ, заргарӣ ва омӯзиши комюптер ба таври мустақил ё муштарак ва теъдоди 31 таълимгоҳ дар ноҳияву ҷамоатҳо ифтитоҳ гардида, дар ҳоли фаъолият мебошад.
Дар худи Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» низ аз ҷониби кумита ду синфхона барои омӯзиши коркарди сангҳои нимқиммат ва қимматбаҳо ва омӯзиши касби заргарӣ пурра ҷиҳозонида шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.
Танҳо  дар соли гузашта вазорат дар якҷоягӣ бо Кумитаи имдод дар ВМКБ 5 таълимгоҳи дӯзандагӣ ва 1 таълимгоҳи сангтарошӣ, дар  вилояти Суғд 8 таълимгоҳи дӯзандагӣ, дар  вилояти Хатлон 8 таълимгоҳи дӯзандагӣ, 1 таълимгоҳи компютерӣ ва 1 таълимгоҳи сангтарошӣ, дар  шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 4 таълимгоҳи дӯзандагӣ, 1 таълимгоҳи компютерӣ ва 1 таълимгоҳи заргарӣ ташкил намуда, бо дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонид, ки зиёда аз 480 нафар шаҳрванд дар он ҷо соҳиби ихтисос гардид. Инчунин барои таҳияи маводи аввалияи дӯзандагӣ қарзҳои бе фоизи имтиёзнок дода шуданд.
Дар соли 2014 аз ҷониби Кумитаи имдод дар ноҳияи Ҳисор курсҳои кутоҳмуддат аз рӯи 4 ихтисос, (компютер, дузандагӣ, кафшергари барқӣ ва сантехникӣ) ифтитоҳ гардида, хоҳишмандон бо касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Инчунин аз ҷониби кумита ба МД “Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе” мошинаҳои дарздузӣ, компютер ва кати хоб барои хонандагон кумак расонида шуд.
Бо назардошти ин, вазорат идома додани ҳамкориро бо Кумитаи имдод дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дирӯз ба имзо расид, бо мақсад мувофиқ медонад.
 

Сентябрь 11, 2014 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд