Имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ
Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар қатори 8 санади ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эрон, 10 сентябри соли 2014 Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид.
Ҳуҷҷати мазкур дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Дар робита ба ин дирӯз мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода бо сарпарасти Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейни Анворӣ ҷиҳати муҳокимаи ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба доир гардид.
Бояд зикр кард, ки фаъолияти Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 оғоз гардида, намояндагӣ ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ асосан ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва касбомӯзии шаҳрвандон нигаронида шудааст.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои зиёд ҳамкории муштаракро бо Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ёддошти тафоҳуми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 25 июли соли 2006 ва қарордодҳои алоҳидаи соҳавӣ ба роҳ монда, барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии касбии низоми вазорат ва ба роҳандозии таълимгоҳҳои муштараки омӯзишӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки тайи ин давра дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистони ҷумҳурӣ 29 таълимгоҳи дӯзандагӣ, сантехникӣ, кафшергарӣ, нигинтарошӣ, заргарӣ ва омӯзиши комюптер ба таври мустақил ё муштарак ва теъдоди 31 таълимгоҳ дар ноҳияву ҷамоатҳо ифтитоҳ гардида, дар ҳоли фаъолият мебошад.
Дар худи Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» низ аз ҷониби кумита ду синфхона барои омӯзиши коркарди сангҳои нимқиммат ва қимматбаҳо ва омӯзиши касби заргарӣ пурра ҷиҳозонида шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.
Танҳо дар соли гузашта вазорат дар якҷоягӣ бо Кумитаи имдод дар ВМКБ 5 таълимгоҳи дӯзандагӣ ва 1 таълимгоҳи сангтарошӣ, дар вилояти Суғд 8 таълимгоҳи дӯзандагӣ, дар вилояти Хатлон 8 таълимгоҳи дӯзандагӣ, 1 таълимгоҳи компютерӣ ва 1 таълимгоҳи сангтарошӣ, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 4 таълимгоҳи дӯзандагӣ, 1 таълимгоҳи компютерӣ ва 1 таълимгоҳи заргарӣ ташкил намуда, бо дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонид, ки зиёда аз 480 нафар шаҳрванд дар он ҷо соҳиби ихтисос гардид. Инчунин барои таҳияи маводи аввалияи дӯзандагӣ қарзҳои бе фоизи имтиёзнок дода шуданд.
Дар соли 2014 аз ҷониби Кумитаи имдод дар ноҳияи Ҳисор курсҳои кутоҳмуддат аз рӯи 4 ихтисос, (компютер, дузандагӣ, кафшергари барқӣ ва сантехникӣ) ифтитоҳ гардида, хоҳишмандон бо касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Инчунин аз ҷониби кумита ба МД “Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе” мошинаҳои дарздузӣ, компютер ва кати хоб барои хонандагон кумак расонида шуд.
Бо назардошти ин, вазорат идома додани ҳамкориро бо Кумитаи имдод дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дирӯз ба имзо расид, бо мақсад мувофиқ медонад.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






