Иншоотҳои нав дар Хатлон
Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ифтихори 23 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 20 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои гуногуни ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, дар ҷамоатҳои деҳоти Наврӯз ва Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав ду нуқтаи фурӯши сӯзишворию газ, дорухонаи байторӣ ва бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода, дар ҷамоати деҳоти Фируза мағозаи нав кушода шуд.
Дар ноҳияи Восеъ барои бунёди иншоотҳои мухталиф соҳибкорони маҳаллӣ ҳарчӣ бештар ҷалб мешаванд. Бо ибтикори соҳибкор Ҳоким Холов дар кӯчаи ба номи А.Мирзоеви шаҳраки Восеъ маркази савдо бунёд гардид, ки арзиши лоиҳавиаш 520 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Соҳибкор Аҳмадхон Маҳмадназаров барои эъмори маркази дигари тиҷоратӣ беш аз 560 ҳазор сомонӣ сарф намуд. Дар ин ноҳия ҳамчунин бинои намояндагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» сохта шудааст.
Дар ноҳияи Ҷилиқул аз аввали сол 14 иншооти нави ҷашнӣ, аз қабили корхонаи истеҳсоли асфалт мавриди истифода қарор гирифт, ки иқтидори истеҳсолиаш дар як соат 35 тоннаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ҷамоатҳои гуногуни ноҳияи мазкур бунгоҳҳои тиббӣ, биноҳои маъмурӣ, синфхонаҳои нав, марказҳои савдо ва майдончаҳои варзишӣ бунёд шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






