Интиқоли ҳоҷиён ба Арабистони Саудӣ ба охир расид
Макка, 29.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Шаби 28-ум ба 29-уми сентябри соли ҷорӣ охирин ҳавопаймое, ки ҳоҷиёни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мамлакати Арабистони Саудӣ барои адои маносики ҳаҷ интиқол медод, дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ҷидда фуруд омад.
Дар ин бора Афшини Муқим, сардори маркази матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯзҳо аъзои гурӯҳи корӣ ва роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2014» машғули омодасозии хаймаҳо дар водии Мино ва Арафот мебошанд, ки мутобиқи меъёри иҷрои маносики ҳаҷ зойирин чанд рӯзе дар ин маконҳо иқомат хоҳанд дошт.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҷорӣ аз кишвари мо беш аз 6 ҳазор нафар барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафарбар гардид.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






