Иштироки Қ. Расулзода дар чорабиниҳои ҷашнии Хуҷанд

Сентябрь 5, 2014 16:32

Душанбе, 5.09.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрӯз дар Чойхонаи миллӣ, воқеъ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд  23 -юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд.
Тавре ки аз дафтари матбуоти раиси вилоят хабар доданд, дар чорабинӣ  Абдураҳмон Қодирӣ иди истиқлолро ба мардуми шарифи вилоят табрик гуфт. Сипас Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода кулли мардуми вилоятро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт.
Зикр шуд, ки 23 сол муқаддам, 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд ва мардуми кишвар ин рӯзи саидро ба ҳайси ҷашни умумимиллӣ, иди дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун соҳиби давлати комилҳуқуқ шинохта шудани тоҷикон, иди барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат ва шукргузорӣ таҷлил мекунанд.
 Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ҳамчунин афзуд, ки  мардуми меҳнатқарини кишвар раванди ободкориву созандагиро ба роҳ монда, барои амалӣ шудани ҳадафҳои муҳиму стратегии давлати Тоҷикистон аҳлонаю ғайратмандона саъю талош меварзанд ва ин меҳнати содиқонаву софдилона барои пойдориву ҷовидонагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, мустаҳкам кардани аркони давлати навини тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва баланд бардоштани мақому обрӯи Тоҷикистони азиз равона шудааст.
Ҳамчунин Қоҳир Расулзода дар чорабинии мазкур ба як гурӯҳ пешқадамони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатиро супорид, аз ҷумла Усто Устопиров бо ордени «Шараф», дараҷаи II, Файзулло Авезов, Ҳакимбой Азизбоев, Соро Ёдгорова, Маҳмадсабур Ёқубов, Пир Пиров ва Фотима Шоева бо медали Хизмати шоиста, Александр Бахтин ва Муаззам Ҳодибоева бо медали «Шафқат», Расул Бобоев ва Мирзоанвар Аҳмедов бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Сентябрь 5, 2014 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!