Иштироки Қ. Расулзода дар мубоҳисаҳои Иҷлосияи 69-уми СММ

Сентябрь 24, 2014 11:15

Душанбе, 24.09.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирӯз, 23- юми сентябри  соли равон  дар шаҳри  Ню Йорки  ИМА дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии  иҷлосияи 69-уми Маҷмааи умумии СММ бори нахуст  ҳамоиши байналмилалии  «Иқлим -2014»  дар сатҳи  сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои узви СММ баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши сатҳи баланд Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода намояндагӣ кард. 
Зимни суханронии худ   дар ин ҳамоиши муҳими сатҳи баланд Қоҳир Расулзода аз роҳбарони ҳайатҳо ва сарони ташкилоту созмонҳои бузурги ҷаҳонӣ  даъват ба амал овард, то дар ҳамбастагӣ   дар бартарафсозии таҳдидҳои бар башарият  нигаронишудаи тағйирёбии иқлими сайёра ва ҳолатҳои сунъии ба тағйирёбии иқлим мусоидаткунанда  тадбирҳои муштарак роҳандозӣ намоянд. Дар доираи баргузории ин ҳамоиш мулоқотҳои хоссаи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ноиби Сарвазири Сербия  Ивитса Дачич  ва роҳбари Барномаи рушди СММ хонум Ҳелен Кларк доир гардид.
Имрӯз оғози мубоҳисаҳои  умумисиёсии Иҷлосияи 69-уми Маҷмааи кулли СММ дар назар дошта шудааст. 
Дар ин чорабинии сатҳи баланди СММ бо намояндагӣ аз Тоҷикистон Сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода  иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.
 
 

Сентябрь 24, 2014 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад