Иштироки Қ. Расулзода дар мубоҳисаҳои Иҷлосияи 69-уми СММ
Душанбе, 24.09.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирӯз, 23- юми сентябри соли равон дар шаҳри Ню Йорки ИМА дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 69-уми Маҷмааи умумии СММ бори нахуст ҳамоиши байналмилалии «Иқлим -2014» дар сатҳи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои узви СММ баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши сатҳи баланд Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода намояндагӣ кард.
Зимни суханронии худ дар ин ҳамоиши муҳими сатҳи баланд Қоҳир Расулзода аз роҳбарони ҳайатҳо ва сарони ташкилоту созмонҳои бузурги ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, то дар ҳамбастагӣ дар бартарафсозии таҳдидҳои бар башарият нигаронишудаи тағйирёбии иқлими сайёра ва ҳолатҳои сунъии ба тағйирёбии иқлим мусоидаткунанда тадбирҳои муштарак роҳандозӣ намоянд. Дар доираи баргузории ин ҳамоиш мулоқотҳои хоссаи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ноиби Сарвазири Сербия Ивитса Дачич ва роҳбари Барномаи рушди СММ хонум Ҳелен Кларк доир гардид.
Имрӯз оғози мубоҳисаҳои умумисиёсии Иҷлосияи 69-уми Маҷмааи кулли СММ дар назар дошта шудааст.
Дар ин чорабинии сатҳи баланди СММ бо намояндагӣ аз Тоҷикистон Сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






