Иштироки 3 нафар аз ДДХ дар мусобиқоти Осиё
Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 3 нафар аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров: Асрор Воҳидов, донишҷӯи соли дуюми факултаи тарбияи ҷисмонӣ аз рӯи намуди бокс, Александр Проженко, магистранти соли аввали факултаи телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ ва Кристина Проженко, омӯзгори факултаи тарбияи ҷисмонӣ аз рӯи намуди варзиши сабук аз 17 сентябр то 5 октябри соли равон дар бозиҳои Осиё, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегарданд, иштирок менамоянд.
Тавре ки декани факултаи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ Сайфулло Бойматов иттилоъ дод, донишҷӯи соли дуюми факулта Ҳамроз Раҷабов дар мусобиқаи ҷаҳон оид ба самбо байни наврасону ҷавонон, ки 15 октябри соли ҷорӣ дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад, иштирок менамояд ва алҳол бо мураббиҳояш дар ин самт омодагӣ дорад. Факултаи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ яке аз факултаҳои навтаъсис буда, дар айни ҳол дар он 45 нафар омӯзгор фаъолият мебарад, ки аз он 7 нафар устоди варзиш, 15 нафар номзади устоди варзиш мебошад. Миқдори донишҷӯёни факулта 558 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 3 нафар устоди варзиши байналмиллалӣ, 21 нафар устоди варзиш, 28 нафар номзад ба устоди варзиш, 153 нафар варзишгари дараҷаҳои гуногунро дар бар мегирад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки чанде қабл дар 43-юмин мусобикаи анъанавӣ оид ба бокс бахшида ба хотираи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев дар шаҳри Хуҷанд 1 нафар омӯзгор ва 5 нафар донишҷӯи донишгоҳ иштирок карданд, ки омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонии умумидонишгоҳӣ Алиҷон Набиҷонов дар вазни 52 килограмм ҷои 3-юмро ишғол намуд. Донишҷӯи курси 2 Асрор Воҳидов дар вазни 56 кг ширкат варзида, ғолиби ин мусобиқа гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






