Иштироки А. Қодирӣ дар семинари вилоятӣ
Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов вобаста ба баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои наву серҳосил, ҷамъоварии беталафи тиллои сафед ва сари вақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ, сарфаи оқилона ва тақсимоти дурусти об, нигаҳдории меваю сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ семинари вилоятӣ баргузор гардид.
Раиси вилоят гуфт, ки мо бояд беҳтарин навъи тухмиҳоро ба вилоят ворид сохта, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бамаротиб боло бардорем.
Гуфта мешавад, ки дар шаҳру навоҳии вилоят Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ташкил шуда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ хизмат мерасонад. Вазифаи асосии ин ассотсиатсияҳо тақсимот ва дастрасии саривақтии деҳқонон ба об мебошад. Намунаи фаъолияти Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Чашма-2014»- и ноҳия пешкаши иштирокдорони семинар гардид. Ин ассотсиатсия майдони умумии 1365 гектаррро обёрӣ намуда, бо ин мақсад дар назди замини ҳар як хоҷагии деҳқонӣ дарвоза ва обченкунак насб шудааст, ки бо ин васила метавон ҷараёни интиқоли обро назорат намуд ва истифодаи онро ҳисобу китоб кард. Сарвари вилоят ба ҳозирин дастур дод, то дар тамоми шахру навоҳии вилоят фаъолияти ассостсиасияхои истифодабарандагои об бо чунин тарз ба роҳ монда шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






